Тавре дар навори садоие, ки бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ дастрас кард, шунида мешавад, Комилов давоми 30 дақиқа кишоварзонро дашномҳои қабеҳ дода, латту кӯб мекунад.
Чандин манбаъ гуфтанд, ҳодиса охирҳои моҳи августи соли равон дар деҳаи "Ҷейнов"-и ноҳияи Миришкор рух додааст.
Дар навор шунида мешавад, Равшан Комилов яке аз кишоварзонро ба номи модараш дашном дода, мегӯяд, "тақдири ту дар дасти ман аст! Чаро бехи пахтаро нарм накардӣ? (садои зарба шунида мешавад) Чаро ту ин корро накардӣ? (боз садои зарба шунида мешавад)".
Кишоварз дар посух аз раиси ноҳия талаб мекунад, ки модарашро дашном надиҳад. "Чаро шумо модари маро дашном медиҳед? Ӯро дашном надиҳед! Ман бехи пахтаро нарм кардаам", - меафзояд кишоварз.
Равшан Комилов дар идома кишоварзро таҳдид мекунад, ки агар нақшаи ҳосили пахтаро иҷро накунад, "президент ӯро ба ҷои баромадагияш гашта медарорад".
Хабарнигори радио 15 октябр чандин бор талош кард, ки бо раиси ноҳияи Миришкор тамос гирад, вале ӯ ба зангҳо посух надод.
Расонаҳо пештар низ хабар дода буданд, ки Равшан Комилов кишоварзони Миришкорро дашномҳои қабеҳ дода, латтукӯб мекунад. 18 июни соли 2018 ҷасади кишоварзи миришкорӣ Шералӣ Давроновро дар хонааш овезон пайдо карданд. Наздикони Давронов гуфтанд, як рӯз пеш Комилов ӯро барои иҷро накардани нақшаи гандум латтукӯб карда буд.