Ссылки доступа

Додгоҳи олии ИМА дархости ҳукумати Қазоқистонро рад кард


Додгоҳи олии ИМА 15 октябр дархости ҷониби Қазоқистонро барои бозбинии ҳукми додгоҳ дар робита ба баҳси ҳукумати ин кишвар бо сармоягузори молдовӣ Анатол Статӣ рад кард. Дар ин бора Вазорати адлияи Қазоқистон хабар дод.

"Додгоҳи олии ИМА 15 октябри соли равон ҳамаи 222 дархости воридшуда, аз ҷумла дархости Қазоқистонро барои бозбинии ҳукми додгоҳи ҳавзаи Колумбия, ки зидди ҳукумати кишвар содир шудааст, рад кард", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Додгоҳи Колумбия моҳи ноябри соли 2018 ба Статӣ иҷозат дод, ки барои ҳабси дороиҳои Қазоқистон дар Вашингтон чораҳои ҳуқуқӣ андешад.

Вазорати адлияи Қазоқистон гуфт, дархости бозбинии ҳукм барои он шуда буд, ки Нурсултон тавонад "мавқеи худро дар додгоҳ баён кунад".

Баҳси додгоҳии Статӣ бо ҳукумати Қазоқистон чандин сол аст, идома дорад. Анатол Статӣ ва писараш Габриэ, ки ба бахши нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ карда буданд, Остонаро ба кӯшиши ғасби рейдерии амволи худ айбдор ва беш аз чаҳор миллиард доллар ҷуброн талаб карданд.

Пештар Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ баҳсро ба нафъи соҳибкорони молдовӣ ҳал карда, аз Қазоқистон хост, ба онҳо беш аз 500 миллион доллар диҳад. Вале Нурсултон барои лағви ҳукм талош дорад.

XS
SM
MD
LG