Ссылки доступа

Дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон 50 мошин навбат мепояд

Дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек – автодорожний"-и Қирғизистону Қазоқистон ҳудуди 50 мошини боркаш ҷамъ шудааст.

Сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон Гулмира Борубоева гуфт, вазъ дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон муътадил аст.

"Гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек – автодорожний" ба таври муқаррарӣ фаъолият дорад. Ҳоло дар он ҳудуди 50 мошини боркаш навбат мепояд. Агар мошинҳо асноди заруриро дошта бошанд, барои гузаштани марз аз сӯи Қирғизистон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст. Марзбонон мошинҳоро танҳо барои интиқол наёфтани маводи мамнуъ, аз қабили силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи мухаддир ва тарканда тафтиш мекунанд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Борубоева, дар гузаргоҳҳои марзии дигари ду кишвар навбатпоии мошинҳо ё одамон мушоҳида намешавад.

Миёни Қирғизистону Қазоқистон 12 гузаргоҳи марзӣ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG