Ссылки доступа

Шикояти хешовандони омӯзгори гунаҳкор ба “рафтори шаҳвонӣ” (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Барои мо оқибатҳои иқтисодӣ надорад". Коршинос дар бораи таъсири амалиёти низомии Туркия дар Сурия ба Осиёи Марказӣ. (видео аз Директ)​

- Вакилони порлумони Қирғизистон нархи ҷой дар рӯйхати ҳизбиро гуфтанд. (видеои Настоящее время)

- Бузургтарин афв дар таърихи Тоҷикистон. (видеои Настоящее время)

- Боздошти серфарзандҳо дар Қазоқистон. (видео)

- 20 ҳазор тоҷикистониро афв мекунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тарҳи қонун "Дар бораи афв"-ро ба порлумон пешниҳод кард. Ин тарҳи қонун ба муносибати 25-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон ироа шудааст (видео)

- Созмонҳо аз журналистон хостанд маъюбонро "бадбахт" тасвир накунанд (видео)

- Шикояти хешовандони омӯзгори гунаҳкор ба “рафтори шаҳвонӣ”. Хешовандони омӯзгоре, ки барои, ба истилоҳ, "рафтори шаҳвонӣ" нисбат ба шогирди ноболиғаш 17,5 сол зиндонӣ шуд, ҳукмро сангин хонда, барои бознигарии он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба падарашон "туҳмат шудааст". Вале мақомоти додгоҳ гуфтанд, "иттиҳом исботи худро ёфт" (видео)

- Ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия сахттар шуд. Думаи Давлатии Русия рӯзи 15-уми октябр қонунеро тасвиб кард, ки ҷавобгариро барои миёнравӣ дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар мекунад. Созмонҳои миллатгаро дар Русия борҳо ба тарафдорӣ аз шадид шудани муҷозот барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ садо баланд кардаанд (видео)

- Ҳокими тундзабон деҳқононро латтукӯб кард. (садо аз Ӯзбекистон)

- Ҳиллари Клинтон сиёсати хориҷии Трампро танқид кард. (видео аз Директ)

- "Тоҷикистон кай узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мешавад?". "Тоҷикистон кай узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мешавад?" Ҳар рӯз чандин нафар ҷавоби ин суолро аз Радиои Озодӣ мепурсанд. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саволҳои мушобеҳеро ба миён мегузоранд. Чаро як бахше аз шаҳрвандон моиланд, ки Тоҷикистон ба ин иттиҳод бипайвандад?

- Блогерҳо дар нашри навори занҳои "сабукпо" худро гунаҳкор донистанд. Чаҳор блогери тоҷик, ки ба нашри навор дар бораи занҳои "танфурӯш" муттаҳам дониста мешаванд, дар нахустин мурофиаи додгоҳии худ гуфтанд, дар ин қазия худро гунаҳкор меҳисобанд. Ин дар ҳоле аст, ки онҳо қаблан гуфта буданд, фақат хостанд воқеиятро бигӯянд ва ҷинояте содир накардаанд (видео)

- Осиё: "урдугоҳҳои бозтарбия". Қазоқтаборон марзро ғайриқонунӣ гузашта, аз Қазоқистон дархости паноҳандагӣ карданд. Тотортаборон дар сурати баргашт ба Чин ҳабс хоҳанд шуд. Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Сурия даъват доранд. (видеои Настоящее время)

- Ҳамдамов: дар Қирғизистон ҷойҳои нави корӣ ташкил мекунам. Алишер Ҳамдамов ҳаммолики ширкати "ST Mark of Orlando LLC" дар ИМА аст. (видео)​

- Одамони бидуни шаҳрвандӣ. Теъдодашон чи қадар аст? Бештар аз 7 ҳазор одам дар Қазоқистон шаҳрвандии ҳеч кишвареро надоранд. Дар ҷаҳон аз 10 то 15 миллион афроди бе шаҳрвандӣ мавҷуд аст (инфографика)

- Саге ки хонаводаи Обамаҳоро наҷот дода буд, ҷоизаи давлатӣ гирифт (видео аз Директ)

- Ҷоизаи Нобелро дар бахши адабиёт ба Олга Токарчук ва Петер Хандка доданд (видео аз директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG