Додгоҳи шаҳрии Жанаозен 17 октябр фаъоли маданӣ Ержан Елшибоеви 31-соларо дар доираи парвандае, ки сокинони маҳаллӣ онро сиёсӣ меноманд, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Елшибоев пас аз матраҳ кардани мушкили бекории сокинон дар пасманзари эътирозҳои моҳи февралу марти соли равон дар вилояти Жанаозен мавриди таъқиб қарор гирифт.
Додгоҳ Ержан Елшибоевро бо банди "Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ" зиндонӣ кард. Ба гуфтаи муфаттишон, Елшибоев гӯиё соли 2017 дар натиҷаи як задухӯрд ба шахси ношиносе осеб расондааст. Худи вай ин айбро беасос номида, мегӯяд, ба хотири фаъолиятҳои маданияш таъқиб шуд.
Ба гуфтаи шоҳидон, ҷонибдорони фаъоли маданӣ, ки ба ҳукми додгоҳ норозигӣ баён карданд боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол ёфтанд. Вале сухангӯи Департаменти пулиси Мангистау Айгерим Ибатуллоев гуфт, маъмурони пулис ба хотири "тартиботи ҷамъиятӣ" онҳоеро, ки ба ҳукми додрас эътироз карданд, аз толори додгоҳ як нафарӣ берун бурданд ва касе ба шуъба интиқол дода нашудааст.
Корбарони қазоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр карданд, ки нишон медиҳад, гуруҳи одамоне дар назди бинои пулиси Жанаозен ҷамъ шуда, мунтазири раҳоии боздоштшудаҳо ҳастанд.