Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, дар ин бора сарвазир Муҳаммадқулӣ Абилғозиев қарореро ба имзо расондааст. "Ин моратория ба коҳиши иқтисоди соягӣ ва воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Қирғизистон бидуни расмиёт равона шудааст", - омадааст дар қарор.
Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки маҳсулоти нафтиро ҳангоми ворид кардан ба ин кишвар расман чизи дигар ба қайд мегиранд. "Маҳсулоти бо ин роҳ воридшуда дар бозори дохилӣ ба ҳисоби миёна 15-20 дарсад арзон фурӯхта мешавад. Ҳамчунин ба далели аз роҳи қочоқ ворид шуданаш муайян кардани ҳаҷми он низ номумкин аст", - афзудааст манбаъ.
Соли 2018 мақомоти қирғиз 73 ҳолати қочоқи маҳсулоти нафтиро ошкор кардаанд. Аз моҳи январ то моҳи июни соли равон 5 ҳазору 777 тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни қайди расмӣ ба Қирғизистон ворид шудааст.