Сокини шаҳри Нурсултон Ербол Есхожин 23 октябр барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис даъват шудааст. Дар Шуъбаи пулис ба ӯ гуфтаанд, ки дар доираи парвандаи ҷиноии марбут ба фаъоли маданӣ Дулат Агадил номаш ҳамчун шоҳид қайд шудааст.
Вакили дифои Есхожин б- Ольга Эннс гуфт, шахси зери ҳимояаш бо истифода аз ҳуқуқи худ аз додани баёнот худдорӣ кардааст.
Фаъоли мадании дигар Алия Жакупова низ 23 октябр хабар дод, ки тариқи телефон барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис даъват шудааст. Шахси тамосгиранда худро Мамадалиев муаррифӣ кардааст.
Ба иттилои гуруҳи фейсбукии #IHaveAChoiсe #ActivistsNotExtremists, ки бо ҷамъоварии маълумот дар бораи боздошту таъқиби фаъолон машғул аст, аз 17 то 21 октябр 11 ҳолати фишор ё таъқиби фаъолони маданӣ дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Дар рӯйхати гуруҳ номи се фаъоле омадааст, ки барои иштирок дар ҳамоиши эътирозии 12 октябр ду нафарашон аз 7 то 10 рӯз ҳабс шуда, якеашон 50 500 танга (ҳудуди 1300 доллар) ҷарима карда шудааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ мақомоти Қазоқистонро барои таъқиби фаъолони мадание танқид мекунанд, ки мушкилиҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро матраҳ месозанд.