Ссылки доступа

Порлумон соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро осон кард? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар Қазоқистон 14 ҷангии пешини ДИ-ро суд мекунанд. (видео аз Директ)

- Ҳалокати духтари сафири Эрон дар Маскав. Дар Маскав духтари сафири Эрон дар Русия ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр пайдо кардаанд (видео)

- Порлумон соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро осон кард? Порлумони Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр ба Кодекси андоз баъзе тағйиру иловаҳо ворид кард. Бар асоси он, ба сармоягузорони дохилӣ ва хориҷие, ки дар арсаи истифода аз сарватҳои зеризаминӣ кор мекунанд, ҳақ дода шудааст қабл аз оғози кор андози "бонуси обунавӣ"-ро пурра напардозанд (видео)

- Оташбаси панҷрӯза дар Сурия ба поён расид. (видеои Настоящее время)

- Осиё: додгоҳи ҷангиҳои ДИ. Додгоҳи шаҳри Нурсултон парвандаи ҷангиёни пешини ДИ-ро баррасӣ дорад. Туркия омодааст, амалиёти низомиро дар Сурия идома диҳад. ИМА зид аст. ИМА фурудгоҳи Душанберо бо дастгоҳи муайянкунандаи маводи ҳастаӣ таъмин кард. (видеои Настоящее время)

- "Дар ҳар хона 1-2 муҳоҷир ҳаст": дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон як деҳа бо пули муҳоҷироне зиндагӣ мекунанд, ки ба Русия рафтаанд. (видео аз Директ)​

- Оишамоҳ волидонашро маҷбур кард, ки ӯро ба мактаб баранд. Баъд аз ду соли зориву тавалло Оишамоҳ волидонро розӣ кард, ки ӯро бигузоранд ба мактаб равад. Вай 11-сола ва маъюби гурӯҳи якум аст. Аз тифлӣ ба фалаҷ гирифтор аст. Деҳаашон дар ноҳияи Муъминобод мактаб надорад. То мактаби деҳаи ҳамсоя 5 километрро ӯ бо кумаки хоҳар ва ҳамсинфонаш тай мекунад (видео)

- Тақдими таҷҳизоти нави Амрико ба фурудгоҳи Душанбе. Мақомоти Амрико ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгоҳи ошкор кардани маводи ҳастаиро доданд. Ҳоло дар 13 нуқтаи гумрукии фурудгоҳ мусофиронро чунин дастгоҳ ташхис мекунад ва дар сурати муайян кардани маводи хатарнок бонги хатар садо медиҳад (видео)

- "Шоҳи тилоӣ": қурбонии онҳое шудам, ки мехостанд, Каримовро сарнагуну Мирзиёевро бикушанд. Заргари машҳури ӯзбек Аҳмад Алиеви 53-сола аз зиндон озод шуд. (видео)

- Латтукӯби муҳоҷири корӣ аз сӯи пулиси Москва. Корманди Идораи пулиси Реутов муҳоҷири тоҷикро, ки ҳангоми боздошташро ба навор мегирифт, латтукӯб кард. (видео аз директ)

- Шоҳинҳои Испания - паррандаҳои маҳбуби шайхони араб. Испания соли 2018 ба хориҷ 2800 шоҳин фурӯхтааст ва харидорон ҳам Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Қатар будаанд (видео)

- Пулис ҳамоиши ҳимоят аз ҳуқуқи бонувонро пароканда кард. (видеои Настоящее время)

- Як зани қирғизистонӣ бо тиҷорати бунафша хонаводаашро таъмин мекунад (видео аз Директ)

- Сӯхтор дар корхонаи пахтаи ноҳияи Восеъ. “Салом Икром”, ягона корхонаи шахсии пахтатозакунӣ дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, рӯзи 16-уми октябр ба коми оташ рафтааст. Ин корхонаро моҳи августи имсол ба истифода дода буданд (видео)

- Дар ду соли президентии Ҷеенбеков дар Қирғизистон чи тағйироте сурат гирифт? (видео аз Директ)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG