Ссылки доступа

Қочоқи сӯзишворӣ ба воситаи лӯла аз Қазоқистон ба Қирғизистон

Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон мегӯяд, лӯлаеро ошкор кард, ки ба воситаи он аз Қазоқистон ба ин кишвар сӯзишворӣ қочоқ мешуд.

Дар доираи тафтишоте, ки 12 сентябри соли равон оғоз шуда буд, 23 октябр дар деҳаи Кен-Булуни вилояти Чӯйи Қирғизистон лӯлае ошкор карда шуд. Бар асоси арзёбиҳо, ба воситаи он ҳамарӯза аз Қазоқистон ҳудуди 100 тонна сӯзишворӣ ба Қирғизистон интиқол меёфт. Анбореро ҳам пайдо карданд, ки сӯзишворӣ дар он захира мешуд.

"Дар ҳоли ҳозир андозаи зарари будҷаи давлати Қирғизистон, созмондиҳандагони нақша ва шахсияти мансабдороне муайян карда мешавад, ки дар ин кор даст доштанд", - афзудааст хадамот.

XS
SM
MD
LG