Ссылки доступа

Хонандагони туркман ба нашрияҳои расмӣ иҷборан обуна мешаванд


Дар Туркманистон мавсими обуна шудан ба нашрияҳои давлатӣ оғоз шудааст. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, имсол хонандагони мактабҳои миёнаро низ ба нашрияҳои расмӣ иҷборан обуна мекунанд.

Барои кормандони муассисаҳои давлатӣ ва донишҷӯён обуна шудан ба нашрияҳои расмӣ ҳатмӣ аст ва пули онро дар як сол ду маротиба мустақиман аз маош ва ступендия меситонанд.

"Барои намуна, дар вилояти Марӣ ҳатто хонандагонро низ маҷбур карданд, ки пас аз таътил пули обунаи маҷаллаи расмии "Гунеш"-ро 14-манатӣ биёранд", - афзуд хабарнигор. (Қурби расмии 1 доллар 3,5 манат аст).

Кормандони соҳаи маориф, аз 40 то 50 манат, соҳаи тиб аз 50 то 100 манат ва соҳаи нафту газ аз 50 то 60 манат пули обуна месупоранд. "Мардум аз пулпурсии мақомот хаста шудаанд", - изҳор дошт хабарнигор.

Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон ҳудуди 30 нашрия ва каме бештар аз ин маҷалла ба нашр мерасад. Самти фаъолияти асосии онҳо таблиғоти давлатӣ ва бозтоби дастовардҳои ҳукумат аст.

XS
SM
MD
LG