- Осиё: фармони Тоқаев. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бунёди истироҳатгоҳ дар Кок-Жайлауро манъ кард. Дар Қирғизистон аз бонувон даъват доранд, ки номзадияшонро ба маҷлисҳои маҳаллӣ пешниҳод кунанд. Тибқи қонун, бонувон бояд 30 дарсади курсиҳоро соҳиб шаванд. (видеои Настоящее время)
- Баҳси роҳҳои холӣ кардани ҳуҷраҳои пури зиндонҳои Тоҷикистону минтақа. Зиндонҳои пур, утоқҳои танг ва шароити бади зиндонҳо аз мавзуҳое аст, ки мақомоти расмӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Алмаато баррасӣ мекунанд. Коҳиш додани теъдоди зиндониён, аз бурдани шиканҷа мавзуҳои аслии ин нишаст аст, ки рӯзи 28-уми октябр шуруъ шуд. (видео)
- Видео аз маҳалли кушта шудани раҳбари ДИ. (видеои Настоящее время)
- Зиндагӣ бо ду кӯдаки бемор дар вагон. Бо наздик омадани фасли сармо нигаронии афроди бесарпаноҳ ва онҳое, ки аз ноилоҷӣ дар вагону хонаҳои нимасохт зиндагӣ мекунанд зиёд мешавад. Яке аз оилаҳои бехона аз Душанбе аст, ки баъди ҷой наёфтан дар ҳавлии волидайн онро тарк кардаанд. Дар ҳавлии падари Ҳикматулло 6 хонавода зиндагӣ мекардаанд (видео)
- Нигаронӣ аз вуҷуди "Силоҳи сард" дар дасти ҷавонони Душанбе (видео)
- Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев қонуни авфро шарҳ дод (видео)
- Озодӣ-Онлайн: Барф ба сари муҳоҷирон, хобҳои интихоботӣ ва бабр. Видеои боздошт ва ихроҷи як муҳоҷири тоҷик, ки боиси эътирози дигар муҳоҷирон шуд, барфбории шадид дар Мурманск, зиндагии як ҷонвари аҷиб дар Тоҷикистон, мавзуи интихоботи порлумони ва президентӣ дар Тоҷикистон аз мавзуҳои аслии барномаи имрӯзи мост (видео)
- Талоши Борис Ҷонсон дигарбора натиҷа надод. Брекзит боз ба таъхир афтод. Иттиҳоди Аврупо розӣ шуд, ки хуруҷи Бритониёро аз созмони мазкур то 31 январи соли 2020 ба таъхир гузорад. Борис Ҷонсон - нахуствазири Бритониё қасд дошт то 31-уми октбяр кишварашро аз иттиҳод хориҷ кунад, аммо порлумон зид баромад (видео)
- Гуфтанд ба мо. Сокинон дар бораи адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд сокини шаҳри Душанбе пурсиданд, ки корашон ба додгоҳ афтидааст ва оё ба адолати додрасҳо бовар доранд, ё не. Ҷавобҳо интиқодӣ ва ҳам тарафдорона буданд. (видео)
- Маҳалли хунолуди қатли раҳбари ДОИШ-ро нишон доданд. Абубакри Бағдодӣ раҳбари гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, кушта шудааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 27-уми октябр дар як баёнияи телевизионӣ гуфт, Бағдодӣ ҳангоми фирор аз дасти сарбозони амрикоӣ дар шимоли ғарби Сурия худро тарконд (видео)
- Иҷрои Қонуни афв шуруъ шуд. Садҳо нафарро озод карданд. Дар Тоҷикистон иҷрои "Қонуни афв" шурӯъ шуд ва мақомот садҳо маҳбусро озод карданд. Порлумон рӯзи 25-уми октябр қонунро қабул кард. Рӯзи якшанбе 27-уми октябр беш аз ҳазор ва рӯзи 28-уми октябр 600 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шуданд (видео)
- Абдумалик Қодиров: "Қатли Абӯбакри Бағдодӣ хабари хуш аст". Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки қатли Абубакр Ал-Бағдодӣ барои гурӯҳи "Давлати исломӣ" бетаъсир намемонад. Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, бо куштани Ал-Бағдодӣ, гурӯҳи "Давлати исломӣ" маҳв намешавад, вале ин созмон камқудрат мешавад (видео)
- Мусиқии тоҷикӣ дар иҷрои амрикоиҳо. Навозандагони амрикоӣ бо иҷрои ду барнома ба сокинони Душанбе асарҳои мусиқии классикии ғарбиро муаррифӣ карданд. Яке аз ин барномаҳо ройгон буд. Нахустин консерти пианинонавоз Ҷенифер Ҳимстра ва ғижжакнавоз Патрик Йим дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд (видео)
- Осиё: афв дар Тоҷикистон. Порлумони Тоҷикистон афви 20 ҳазорро тасдиқ кард. Миёни касоне, ки озод мешаванд, онҳое ҳам ҳастанд, ки барои фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиндонӣ шуда буданд. Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи фурӯши замин дар яке аз боғҳои шаҳри Бишкек (видеои Настоящее время)
- Дар девори нав нақши Душанбеи кӯҳна (видео)
- Камбизоат эътироф шуду имтиёзаш 7 моҳ номаълум аст (видео)
- Тасвири фироқ ва ваҳшати азоби бандӣ дар шарқи Украина. Бо он ки Украинаву Русия масъалаи хатми муноқиша ва аз сар гирифтани музокироти сулҳро баррасӣ мекунанд, ҳазорон оила аз ҳам ҷудо мемонанд. Дар шарқи Украина, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, садҳо нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир кардаанд (видео)
- Обид Ҳомидов -- корсозу коргузори синамо, театр, телевизион. Обид Ҳомидов, яке аз поягузорони телевизион ва синамои Тоҷикистон дар синни 95-солагӣ фавтид (видео)
- Сокинон дар бораи адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд сокини шаҳри Душанбе пурсиданд, ки корашон ба додгоҳ афтидааст ва оё ба адолати додрасҳо бовар доранд, ё не. Ҷавобҳо интиқодӣ ва ҳам тарафдорона буданд (видео)
- "Нест бод Чин!" Бештар аз 30 сокинро дар шаҳри Нурсултон ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон боздошт карданд (видеои Настоящее время)
- Элмира Ногойбоева: Мо ҳамдигарро кам қадр мекунем, руҳбаланд месозем ва кумак мекунем. Элмира Ногойбоева - муҳаққиқи қирғизистонӣ. Вай ҳамроҳ бо ҳамфикронаш саргузашти касонеро гирдоварӣ мекунанд, ки шоҳиди зиндаи таърих буданд (видео)
- Саргузашти хонаводаи серфарзанд аз шаҳри Бишкек (видео аз Директ)
- Мақомоти Қирғизистон аз муҳоҷирони меҳнатӣ кумак хостанд (видео)
- Зебосанами Украина-2019 гуфт, ки Қрим аз кист (видео аз Директ)
- Трамп аз "пешравии бузург" дар Сурия хабар дод (видеои Настоящее время)