Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон сар аз фардо ба буридани дарахтони гаронбаҳо моратория эълом мешавад


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо имзои фармоне сар аз 1 ноябри соли ҷорӣ то 31 декабри соли 2020 буридани навъи дарахтони гаронбаҳоро дар кишвараш манъ кард.

Дар фармони президент ба пешниҳоди Кумитаи давлатии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, Ҳизби экологии Ӯзбекистон ва ҷомеа такя шудааст.

Моратория то 31 декабри соли 2020 амал мекунад. Дар ин муддат ниҳодҳои масъул ҳақ надоранд, ба буридани дарахтоне иҷозат диҳанд, ки шомили бунёди ҷангали давлатӣ нестанд.

Аммо ин моратория ба кутоҳ кардани шохҳои дарахтон, буридани дарахтону буттаҳое, ки дар натиҷаи таъсири табиат шикастаанд, дахл нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG