Ссылки доступа

Пентагон навори амалиёти зидди Бағдодиро нашр кард

Вазорат мудофиаи ИМА рӯзи чаҳоршанбеи 30 октябр навори амалиёти неруҳои вижаи амрикоиро дар Сурия нашр кард, ки дар натиҷаи он Абубакри Бағдодӣ, роҳбари гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" кушта шуд.

Дар наворе, ки аз ҳаво сабт шудааст, дида мешавад, неруҳои вижаи амрикоӣ ба маҷмае наздик мешаванд, ки ба таъйиди ИМА, Бағдодӣ онҷо қарор дошт. Дар навор ҳамчунин дуди сиёҳе дида мешавад, ки аз замин бармехезад. Ин дуди сиёҳ таркиши биное аст, ки роҳбари гуруҳи террористӣ онҷо қарор дошт.

ИМА тасмим гирифтаст, биноро комилан тахриб кунад, то дар оянда он ба зиёратгоҳи пайравони "Давлати исломӣ" табдил нашавад, шарҳ дод генерали амрикоӣ Кеннет Маккензӣ.

Низомиҳои амрикоӣ аз ҳамлаи ҷавобии тундгароён дар посух ба қатли Бағдодӣ, пешгирӣ кардаанд.

Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 27 октябр аз анҷоми амалиёте зидди Абубакри Бағдодӣ хабар дод, ки дар натиҷаи амалиёт Бағдодӣ худ ва чанд кӯдаки ҳамроҳашро таркондааст. Амалиёт дар вилояти Идлиби Сурия сурат гирифт. Дар ин амалиёт неруҳои ҳавоӣ ва заминии амрикоӣ ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG