Ссылки доступа

Дар Туркманистон табибони ҳамҷинсгароро ҷустуҷӯ доранд


Вазорати тандурустии Туркманистон пас аз нашри матлаби бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи як табиби ҳамҷинсгаро дар ин кишвар миёни кормандони муассисаҳои тиббӣ санҷишеро ба роҳ монда, мехоҳад, онҳоеро муайян кунад, ки тамоюли ҷинсии ғайримуқаррарӣ доранд.

Ба иттилои нашрияи "Хроника Туркменистана", дар идораҳои тандурустии тамоми вилоятҳои Туркманистон ҷаласа баргузор ва "тамоюли ҷинсии табибе баррасӣ шудааст, ки бо рафтораш обурӯи кормандони тиббиро поин бурдааст".

Масъулони Идораи тандурустии шаҳри Туркманобод 28 октябр бо баргузории як ҷаласа гуфтаанд, аз Ишқобод дастур шудааст, дар миёни кормандони муассисаҳои тиббӣ онҳое муайян карда шаванд, ки тамоюли ҷинсии ғайримуқаррарӣ доранд. Онҳо нагуфтанд, ки санҷиш чи гуна хоҳад буд, вале ба зарурати андишидани чора таъкид карданд.

Ҳамчунин кормандони пулисе, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, гуфтанд, агар касе дар бораи ин гуна ашхос маълумот дорад, зуд ба онҳо хабар диҳад. Ба гуфтаи пулис, онҳое, ки ингуна маълумотро пинҳон мекунанд, барои хабар надодан ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Қосимбердӣ Гараеви 24-сола, ҳамҷинсгарои туркман 25 октябр дар суҳбат бо радио гуфт, бо вуҷуди фаъолияти амакаш дар хадамоти муҳофизати президенти Туркманистон зери фишор аст. Ба гуфтаи Гараев, ӯ баъд аз таҳсил дар Белорус ба ватан баргашта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шуд ва дертар маълум гашт, ки ба доми кормандони пулис афтидааст. Агар ӯро падару амакаш наҷот намедоданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуд.

Гараев 24 октябр, пас аз чанд рӯзи нашри суҳбаташ дар сомонаи бахши туркмании Радиои Озодӣ ба пулис даъват шуд. Баъди даъвати Гараев ба идораи пулис тамосҳо бо ӯ қатъ шуданд. Дар матлаб номи Гараев иваз ва танҳо синаш зикр гашта буд.

XS
SM
MD
LG