Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ҷарима барои вайрон кардани тартиботи гумрукӣ 50 баробар меафзояд


Дар Ӯзбекистон дар доираи такмили фаъолияти гумрукӣ ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ тағйирот ворид карда шуд.

Тавре аз Вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар доданд, 31 октябри соли 2019 президенти он кишвар тағйирот ба кодексро имзо кардааст.

Тағйироти мазкур пешбинӣ мекунад, ки барои вайрон кардани тартиботи гумрукӣ шахсони воқеӣ аз 20 то 30 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда шаванд.

Қонуни мазкур баъди се моҳи расман нашр шуданаш ба иҷро медарояд.

XS
SM
MD
LG