Ссылки доступа

Амрико писари Хоманаӣ ва шуморе аз наздикони раҳбари Эронро таҳрим кард


Вазорати молияи Амрико рӯзи душанбеи 4-уми ноябр ҳамзамон бо чиҳилумин солгарди ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон, 9 шахси наздик ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва ҳамчунин Ситоди куллии нерӯҳои мусаллаҳи Эронро таҳрим кард.

Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ин таҳримҳоро "бефоида" ва "нишонаи нотавонии Амрико" донист.

Муҷтабо Хоманаӣ, фарзанди раҳбари Эрон, Муҳаммад Муҳаммадии Гулпоягонӣ, раиси дафтар ва Ваҳид Ҳаққониён, муовини "умури вижа"-и хонаводаи раҳбарӣ, дар феҳристи нави таҳримҳои Амрико қарор гирифтаанд. Иброҳим Раисӣ, раиси Додгоҳи олӣ, Алиакбар Вилоятӣ, мушовири умури байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва Ғуломалии Ҳаддод, мушовири раҳбари Эрон, аз дигар афроде ҳастанд, ки аз сӯи Амрико таҳрим шуданд.

Амрико ҳамчунин Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ғуломалӣ Рашид, фармондеҳи қароргоҳи низомии "Хотам-ул-Анбиё" ва Ҳусейн Деҳқон, вазири пешини дифоъ ва мушовири низомии раҳбари Ҷумҳурии исломиро, таҳрим кардааст.

Вазорати молияи Амрико дар баёнияе гуфтааст, ки таҳримҳои нав "тавононии раҳбари Ҷумҳурии исломиро барои пешбурди кори террор ва саркӯб заъиф мекунад". Ин баёния мегӯяд, "вазорати молия имрӯз мақомҳои ғайриинтихобиро ҳадаф қарор медиҳад, ки дар атрофи Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳалқа задаанд ва сиёсатҳои бесуботкунандаи вайро иҷро мекунанд".

Вазорати молияи Амрико мегӯяд, ин афрод дар бархе аз "фаъолиятҳои вайронкорона"-и режим, аз ҷумла бамбгузорӣ дар Маҷмаи нерӯҳои баҳрии Амрико дар Бейрут дар соли 1983 ва ҳамчунин шиканҷа ва куштори ғайриқонунӣ ва саркӯби мардум даст доштаанд".

Ҳукумати Амрико чанд рӯз қабл бахши биносозӣ дар Эронро бинобар робита бо Сипоҳи посдорон, таҳрим карда буд. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Доналд Трамп худи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро дар феҳристи "Созмонҳои террористии хориҷӣ" қарор дода буд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба ин таҳримҳо гуфт, ки мақомоти Амрико аз саросемагӣ ва бинобар нокомиҳо дар "баробари иродаи пӯлодини миллати Эрон нисбат ба таҳримҳо" даст ба чунин кор мезанад.

XS
SM
MD
LG