Ссылки доступа

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ кори ДОИШ аст


Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" кори дасти аъзои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" будааст. Дар ин ҳодиса як марзбон, як корманди пулис ва 15 ҳамлавар кушта шуданд.

ДОИШ ки маъмулан ҳамлаҳои анҷомдодаи худро дар гӯшаҳои ҷаҳон ба таври фаврӣ эълон мекунад, то ба ҳол ба ин изҳороти мақомоти тоҷик вокуниш накардааст.

Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр, дар хабарномае гуфт, баъд аз пурсиши боздоштшудаҳо маълум гашт, "онҳо шаби 3-юми ноябр аз қаламрави вулусволӣ ё ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон бо дастури гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд".

"Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд",- омадааст дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Мақомот субҳи чаҳоршанбе эълон карданд, ки бар асари ҳамлаи "гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми ниқобпӯш" ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии "Султонобод", як марзбони тоҷик ва як корманди вазорати умури дохилӣ ба ҳалокат расиданд. Ин қисми марзбонӣ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷойгир аст. Ҳанӯз тасдиқи хабар аз манобеи мустақил дастрас нашудааст.

Ба иттилои маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар ин ҳодиса 15 ҳамлавар кушта ва панҷ тани дигар боздошт шудаанд. Манбаъ мегӯяд, ҳодиса соати 03:23-и шаби чаҳоршанбе сурат гирифтааст ва гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар ба ин дидбонгоҳ ҳамла бурданд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам бо пахши як хабарнома гуфт, ки ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намуданд. Ба иттилои ВКД, дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст. Вазорати умури дохилӣ шумораи боздоштшудаҳоро, ки ба деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор кардаанд, 4 нафар гуфтааст.

Дар ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” 17 нафар, аз ҷумла як корманди ВКД ва як корманди Неруҳои марзбонӣ кушта шуданд.

Ҳамла дар ҳоле ба амал омадааст, ки Тоҷикистон Рӯзи Қонуни Асосиро ҷашн мегирад ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сафар ба кишварҳои Аврупост. Ин сафар қарор аст, то 12 ноябр идома кунад.

XS
SM
MD
LG