Ссылки доступа

Қирғизистон аз ИИАО тамдиди муҳлати боҷи боимтиёз барои мошинҳоро дархост мекунад

Ҷониби Қирғизистон 19 ноябр дар ҷаласаи Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Москва масъалаи тамдиди муҳлати боҷи боимтиёзи гумрукиро барои воридсозии мошинҳо ба миён хоҳад гузошт. Дар ин бора Вазорати иқтисоди Қирғизистон иттилоъ дод.

Муҳлати боҷи боимтиёзи гумрукӣ барои воридсозии мошинҳо ба Қирғизистон 31 декабри соли равон ба поён мерасад. Аз 1 январи соли 2020 боҷи гумрукии воридоти мошин бар асоси тарофаҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ситонида мешавад, ки назар ба соли равон чандин баробар гаронтар хоҳад буд.

Барои намуна, дар ҳоли ҳозир нархи расмиёти гумрукии мошини "Toyota Camry" (соли бароришаш 2009) 1250 доллар аст ва он дар соли 2020 то ба 13 600 доллар гарон хоҳад шуд.

Қирғизистон 12 августи соли 2015 ба ИИАО шомил шуда, тайи се сол аз мошинҳое, ки ворид карда мешуданд, бар асоси тарофаҳои иттиҳод боҷи гумрукӣ меситониданд. Вале мақомоти қирғиз моҳи июли соли 2018 тарофаи соли 2014-ро барқарор карда, гуфтанд, Бишкек ҳангоми воридшавӣ ба ИИАО шарт гузошта буд, ки то 1 январи соли 2020 тарофаҳои гумрукиро худ муайян мекунад.

XS
SM
MD
LG