Ссылки доступа

Дар Бухоро занони маъюбро бо доруҳои муҳлатгузашта табобат мекунанд


Дар хонаи бепарасторони "Меҳрубонӣ" барои занони маъюби шаҳри Бухорои Ӯзбекистон муштариҳоро давоми чандин сол бо доруҳои муҳлатгузашта табобат кардаанд.

Ба гуфтаи яке аз ҳамшираҳои шавқат аз хонаи занони маъюб, ин занон дар бистари ифлос мехобиданд ва либоси дарида мепӯшиданд.

Дар аксҳое, ки ба ихтиёри бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гузошта шуд, қурсҳо ва дигар доруҳои муҳлатгузашта дида мешавад. Ба гуфтаи ҳамшираҳои шавқат, Гулшан Раҳматова, яке аз масъулони хонаи занони маъюби Бухоро дастури истифодаи доруҳои муҳлатгузаштаро медодааст.

Дар хонаи занони маъюб дар Бухоро 250 зани маъюб истиқомат ва табобат мегиранд. Аксари онҳо аз бемориҳои равонӣ ранҷ мебаранд. 157 ҳамшираи шавқат ва корманди назофатӣ занони маъюбро парасторӣ мекунанд.

Ба гуфтаи кормандон, солҳои тӯлонӣ дар ин хона доруҳоро медуздиданд ва ба занони бемор ғизои бесифат медоданд. Баъди шикоятҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ дар хонаи занони маъб санҷиш гузаронида шуд, аммо "гунаҳкорон"-и асосӣ бе ҷазо монданд.

XS
SM
MD
LG