Ссылки доступа

Куриёи Ҷанубӣ бемористонҳои Ӯзбекистонро бо таҷҳизоти нав таъмин мекунад


"Эскимбонк"-и Куриёи Ҷанубӣ барои харидории таҷҳизоти нави тиббӣ дар бемористонҳои Ӯзбекистон 74 миллион доллар ҷудо мекунад.

Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон 11 ноябр хабар дод, ки дар поёни мулоқот бо намояндагони "Эскимбонк" дар шаҳри Тошканд санади ҳамкорӣ измо шудааст.

Тарҳи мазкур муҷаҳҳаз сохтани бештар аз 150 муассисаи тиббиро дар навоҳии дурдаст ва деҳоти Ӯзбекистон бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG