Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Қосимов 9 ноябр дар рӯзи зодрӯзаш ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуд. Ба гуфтаи бародари хурдии ӯ Наимҷон, "субҳ ҳашт одам дарро шикаста ба хона даромаданд ва ҷиҳози онро "тагу рӯ" кардаанд". Насимҷон тавонист аз тиреза ба хонаи ҳамсоя гузашта, дар таҳхона пинҳон шавад. Модари Қосимовҳо он замон дар кор буд.
"Раиси маҳалла омада, ба онҳо гуфт, ки таҳхонаро низ бинанд. Онҳо бародарамро дар таҳхона пайдо карданд ва аз мӯйҳояш кашида, бароварданд. Яке аз онҳо корманди пулис буд", - гуфт Наимҷон.
Ба гуфтаи ҳамсояҳо, вақте Насимҷонро боздошт карданд, тақрибан либос надошт. Ӯро кашола карда, ба кӯча бароварданд ва бо худ бурданд. "Вай фарёд мезад, ки сар диҳанд худаш меравад, вале онҳо ӯро кашола мекарданд", - гуфт ҳамсояи Қосимовҳо - Меҳрангез.
Ҳамсояҳои Қосимовҳо мегӯянд, Наҷимсҷонро кормандони ҷамоати маҳаллӣ ва пулис бо худ бурданд ва чанд рӯз баъд рафта, ба наздиконаш хабар додаанд, ки ӯ дар қисми марзбонӣ хидмат мекунад. "Мегӯянд, даъватномаро ба дасти худи ӯ додаанд. Суоле ба миён меояд, ки даъватномаро кай додаанд? Замони дарро шикастан? Ё замони кашола кардани ӯ дар даромадгоҳ?", - изҳор дошт яке аз дӯстони оилаи Қосимовҳо бо номи Албина Сатаева.
Коршиносон мегӯяд, ҳангоми "ҷалби иҷборӣ"-и Қосимов ба хидмати ҳарбӣ чанд банди Кодекси ҷиноии кишвар нақз шудааст. "Оё воқеан ҳам ӯ наваскар аст? Яъне, сини ӯ ба хидмати ҳарбӣ расидааст? Шиносномаи ӯро дидам, соли таваллудаш 9 сентябри соли 2001 аст. Яъне, шаби 9 ба 10 ноябр вай ҳоло ноболиғ буд", - мегӯяд ҳуқуқшинос Дилшод Ҷураев.
Мақомоти маҳалӣ иддао доранд, ки ягон банди қонунро нақз накардаанд.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, соли равон шикоятҳо аз "облава" нисбат ба солҳои пешин бештар аст. "Соли гузашта 40-50 дарсад буд. Имсол тақрибан 80 дарсад аст", - иттилоъ дод корманди "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" Дилрабо Самадова.
Дар Вазорати дифои Тоҷикистон вуҷуд доштани "облава" дар кишварро рад карда, гуфтанд, ҳангоми рух додани чунин ҳодисаҳо бояд ба комиссияи даъвати маҳаллӣ муроҷиат кард. "Шикоятро бояд раиси комисияи даъвати ҳар ноҳия баррасӣ кунад. Дар ҳоли ҳозир нақшаи даъвати наваскарон 90 дарсад иҷро шудааст. Вилояти Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаро 10 дарсад бештар иҷро намудааст. Дар вилоятҳои Хатлону Суғд 90 дарсад иҷро шудааст", - гуфт сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Ориф Нозимов.