Путин рӯзи 14 ноябр баъд аз саммити БРИКС дар пойтахти Бразилия дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки "ҳоло то мулоқоти "нормандӣ" аз ҳеч мулоқоти дигар бо Зеленский ҳарфе дар миён нест, зеро мо мувофиқа карда будем, ки дар нишасти "нормандӣ" мулоқот хоҳем кард". Ба гуфтаи вай, "ба ҷуз аз "нишасти нормандӣ", ҳеч механизми дигаре мавҷуд нест".
Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон 12 ноябр пешниҳод кард, ки кишвараш омода аст, мулоқоти мустақими Путину Зеленскийро ташкил кунад. Ба гуфтаи Назарбоев, Зеленский барои мулоқот дар Қазоқистон бо Путин ризоият додааст. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар ҳамон рӯзи изҳороти Назарбоев гуфт, ки роҳбари Русия "бар ин назар аст, ки мулоқот барои мулоқот нафъе надорад".
"Агар мулоқот хоҳем кард, чаро бояд зоҳирнамоӣ намоем ва ба мулоқоти омоданашуда шитобем? Ман фикр мекунам, ки касе манфиатдори ин нест: на ман, на президент Зеленский", - гуфт Путин рӯзи 14 ноябр дар суҳбат бо рӯзноманигорон.
Вадим Пристайко, вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи 12 ноябр эҳтимоли мулоқоти президенти Украина бо ҳамтои русашро дар Қазоқистон рад кард.
Бори охир гуфтугӯҳои чаҳорҷонибаи маъруф ба "нишасти нормандӣ", ки мебоист, роҳҳои ҳалли низоъ дар шарқи Украинаро ҷустуҷӯ ва муаррифӣ кунад, моҳи октябри соли 2016 баргузор шуда буд.