Талаб ва даъвоҳои дигарро додгоҳ рад кард, хабар дод вазорати адлияи Ӯзбекистон.
Додгоҳи Маркази байналхалқии танзими даъвоҳои сармоягузорӣ (ICSID) даъвои 180 миллион долларии соҳибкорони туркро нисбати ҳукумати Ӯзбекистон комилан рад кард. Додгоҳ гуфт, ҳаҷми зарари моддӣ ғайривоқеӣ нишон дода шудааст. Бо қарори додгоҳ, ширкати туркӣ ҳамагӣ 26 миллион доллар ҳамчун ҷуброни зарар дарёфт хоҳад кард.
"Додгоҳ даъвои соҳибкоронро дар бораи муносибати бераҳмона баррасӣ накард. Аз ҳамин хотир ҳамаи даъвои Воҳид Гюнеш дар бораи муносибати бераҳмона яктарафа аст", - омадааст дар хабари вазорати адлияи Ӯзбекистон.
Ба иттилои расонаҳо, додгоҳ даъвои соҳибкори туркро 7 сол баррасӣ ва ниҳоят 4 октябри соли ҷорӣ қарор қабул кард.
Бо қарори додгоҳ, ҳукумати Ӯзбекистон дар маҷмуъ вазифадор шудааст, ки ба ширкати туркӣ 40 миллион доллари ИМА ҷуброн пардозад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати туркӣ ҳаҷми зарари худро 180 миллион доллар баҳо дода буд.
Воҳид Гюнеш, соҳибкори турк баъди ҳафт соли фаъолият дар Ӯзбекистон боздошт ва нуҳ моҳ ҳабс шуд. Додгоҳи Ӯзбекистон ӯ ва ҳафт соҳибкори дигарро дар напардохтани андоз ва "густариши иқтисоди соягӣ" айбдор донист. Маркази тиҷории Turkuaz соли 2011 баста шуд. Баъди он ки соҳибкорони турк ба мақомоти Ӯзбекистон 700 ҳазор доллар пардохт карданд, аз боздошт раҳо ва аз ин кишвар ихроҷ шуданд.