Ссылки доступа

Хабарнигорони Kun.uz баъди созиши сомона бо шаҳрдори Тошканд аз кор рафтанд

Рӯзноманигорони сомонаи Kun.uz Зафарбек Солиҷонов ва Баҳодур Аҳмадов пас аз баҳс бо шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев аз кор рафтанд. Хабарнигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хитоб ба Ортиқхоҷаев навиштанд, ки "ман саг ва палиди паст нестам".

Рӯзноманигорон 18 ноябр эълом карданд, ки бо хоҳиши худ аз кор рафтанд. Ба гуфтаи хабарнигорон, ба ин тасмим баҳси онҳо бо шаҳрдори Тошканд сабаб шуд, ки ҳайати таҳририяи сомонаро дар ҳолати ногувор қарор дод.

"Имрӯз мо набохтем. Озодии баён ва матбуот бохт. Ба шумо Ортиқхоҷаев мегӯям, ки ман саг ва палиди паст нестам. На дар бораи пирӯзӣ, балки дар бораи он фикр кунед, ки обурӯи давлатро резондед. Ман бовар дорам, ки ҷои кор пайдо мекунам ва аз шумо хоҳиш мекунам, дар асре, ки ҳуқуқи рӯзноманигор ҳимоят намешавад ва матбуот заиф аст, сомонаи Kun.uz-ро гунаҳкор накунед", - навишт Аҳмадов дар Телеграм​.

Ҳамкори ӯ Зафарбек Солиҷонов низ аз рӯзноманигорон ва ҷомеаи Ӯзбекистон даъват кард, ки Kun.uz-ро айбдор накунанд.

Сомонаи Kun.uz то ҳол аз кор рафтани ду хабарнигори худро баъди баҳс бо шаҳрдории Тошканд шарҳ надодааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ 16 ноябр наворе нашр шуд, ки дар он марди садояш монанд ба шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рӯзноманигоронро ба қатлу зиндон таҳдид карда, мегӯянд, онҳоро дар шаш сония ҳамҷинсгаро хоҳад кард.

Зоҳиран навор ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон сабт шудааст. "Як ҳафта пеш дар бораи корхонаҳои ман навиштанд ва онҳоро инҳисор номиданд. Агар ҳозир барояшон 10 ҳазор доллар бидиҳӣ, ситоишро оғоз хоҳанд кард. Онҳо кӣ ҳастанд? Палидҳои пастанд! Онҳо фарзанди инсон ё саг бошанд? Тавре мекунам, ки шуморо ба маҳаллаатон роҳ намедиҳанд ва волидонатонро масхара хоҳанд кард. Ҳамсояҳоятон шарм медоранд, ки бо шумо салом кунанд. Ман ин корро карда метавонам. Барои ман ҳамҷинсгаро эълом кардани шумо мушкил аст? Осон аст! Дар 6 сония шуморо дар як таксӣ бо ҳамҷинсгаро шинонда, акс мегирам. Тамом! Шумо ҳамҷинсгаро!", - гуфта мешавад дар навор.

Сомонаи Kun.uz 17 ноябр матлаберо зери унвони "Озодии баён бо шеваи Ортиқхоҷаев" нашр кард. Дар матлаб омадааст, ки шаҳрдори Тошканд дар он навор рӯзноманигорони сомонаи Kun.uz Раҳматилло Исроилов, Шерзод Эгамбердиев ва Баҳодур Аҳмадовро пас аз қазияи таъқиби хабарнигорони сомона аз сӯи муовини раиси ноҳияи Олмазор А. Ваҳобов дар утоқи корияш таҳдид кардааст.

Вале 18 ноябр сомона хабар дод, ки шаҳрдории Тошканд барои ҳали мушкили ба вуҷуд омада бо кормандони Kun.uz мулоқот кард. "Мехоҳем расман ба шумо хабар диҳем, ки дар натиҷаи ин гуфтугӯ тамоми нофаҳмиҳо миёни кормандони сомона ва шаҳрдори Тошканд бартараф шуданд", - омадааст дар иттилоияи Kun.uz.

XS
SM
MD
LG