Ссылки доступа

Иҷозаи фурӯши машруб дар 200-қадамии мактабҳои Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон иҷозат шуд, ки дар 200-метрии муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва динӣ машруб ва сигор фурӯхта шавад. Пештар ин фосила 500 метрро ташкил медод.

Қонуни тағйиру иловаҳоро президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев рӯзи 14 ноябр имзо кард.

Ин муқаррарот ба фурӯши маҳсулоти зикршуда дар дохили маҷмааҳои тиҷорӣ (бозорҳо) дахл надорад.

Дар фармони пешини президент аз 5 феврал фурӯши машруб ва маҳсулоти тамоку маҳдуд шуда буд.

XS
SM
MD
LG