Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон ҳукми вакили пешини истирдодшударо тағйир надод


Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми Дамирбек Асилбек уулу, вакили пешини порлумони ин кишварро, ки дар Қазоқитон бо айби қочоқи мол 12 сол зиндонӣ шуда буд, баъди истирдодаш ба ватан тағйир надод. Дар ин бора хадамоти матбуотии додгоҳ 20 ноябр иттилоъ дод.

Додгоҳи Қазоқистон Дамирбек Асилбек уулуро 24 апрели соли 2019 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ дар "ташкили гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ" ва "қочоқи мол" айбдор дониста шуд. Додгоҳи олии Қирғизистон низ Дамирбек Асилбек уулуро бар пояи бандҳои "Ташкили гуруҳи ҷиноӣ" ва "Қочоқ" айбдор донист.

Муҳлати адои ҷазои вакили пешини қирғиз аз 15 феврали соли 2018 шумурда шуда, ҳукм ниҳоӣ аст ва аз болои он шикоят бурда нахоҳад шуд.

Дамирбек Асилбек уулу 18 ноябр аз Қазоқистон ба ватан истирдод шуд. Расонаҳо хабар доданд, ки ҳамроҳи вай ду қирғизистонии дигар низ ба ватан бозпас фиристода шуданд.

Дар бораи боздошти вакили пешини порлумони Қирғизистон Асилбек уулу 16 феврали соли 2018 хабар расид. Мақомоти Қазоқистон дар пайи як рейд аз боздошти 29 гумонбар хабар доданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Баъдтар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард.

XS
SM
MD
LG