Дар маҷмуъ 50 коргар, ки аксарашон ронанда ҳастанд, ба кор набаромаданд.
Ронандаҳо мегӯянд, маоши ваъдагиро ба онҳо напардохта, баракс маошашон се баробар кам шуда, ҳудуди 60 ҳазор танга (наздики 155 доллари ИМА)-ро ташкил додааст. Ба гуфтаи онҳо, бештар аз 1,5 моҳ аст, ки моаш намегиранд.
"Ман 179 соат кор кардаам. 53 ҳазор танга маош гирифтам. Оё бо ин маблағ зиндагӣ кардан имкон дорад?", - мегӯяд ронандаи автобус Сакен Айтуаров.
"Мо шабонарӯз инҷо ҳастем. Бояд автобусро шуст, маблағро ба хазина супурд. Соати 4 субҳ мехезем. Агар нақшаи рӯзро иҷро накардед, ба кор роҳ намедиҳанд. Эҳтироми мо куҷост? Маоши мо куҷост? Хонаводаҳоро чи гуна таъмин кунем?", - гуфт як чекчини автобус.
Ширкати Shymkent Bus напардохтани маошро эътироф мекунад. Мудири ширкат дар назди эътирозгарон ваъда кард, ки маошро пардохт хоҳад кард.
"70 дарсади гардиши автобусҳо харҷҳоро намепӯшонанд. Ин ба ҳамаи кормандон ошкор аст. Сарфи назар аз ин мо маошро пардохт хоҳем кард", - гуфт Еликбой Токбергенов, мудири ширкати Shymkent Bus.
Дар ширкати мазкур 480 кас кор мекунад. Эътирози коргарон барои пардохти маош аз моҳи августи соли ҷорӣ идома дорад. Ҳокими пешини шаҳри Чимкент Габидулло Абдраҳимов моҳи июн гуфта буд, ки дар шаҳр 300 автобуси нав ба кор мепардозад. Абдраҳимов 30 июл дар пайи танқидҳо аз мақом барканор шуд.
Шаҳри Чимкент бештар аз 1 миллион сокин дорад.