Ссылки доступа

Дар маркази Бишкек як мард бо корд ба маъмури пулис ҳамла кард (видео)

Дар маркази шаҳри Бишкек як марди ношинос ҳангоми боздошт бо корд ба маъмури пулис ҳамла кард. Ҳодиса 20 ноябр дар назди бинои порлумони Қирғизистон рух дод ва телевизиони "Апрел" видеои боздошти ҳамлагарро намоиш дод.

Ба огаҳии шаҳрдории Бишкек, ин мард наздик буд ба мусофирони троллейбуси №2 ҳамла кунад ва ронанда нақлиётро боз дошта, аз нозирони роҳ кумак хост.

Дар Раёсати пулиси пойтахти Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамлагар боздошт ва ба шуъбаи пулиси ноҳияи Якуми майи Бишкек интиқол дода шуд. Масъулони раёсат ваъда доданд, ки ҷузъиёти ҳодисаро дертар шарҳ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG