Ссылки доступа

Ангиштканони қазоқро аз шахтаи Қарағанда фавран бароварданд


Аз шахтаи ангишти ба номи Ленини шаҳри Шахтински вилояти Қарағанда тамоми ангиштканҳоро берун бароварданд. Дар нақби куҳна дуд мушоҳида шудааст ва ҳоло дар ҷои ҳодиса мутахассисон кор мекунанд.

"Дар нақби қадимӣ дар чуқурии 247 метр дуд мушоҳида гашта, дар натиҷа тамоми кормандон ба берун бароварда шуданд.", - гуфтанд дар ширкати "АрселорМиттал Темиртау".

Истихроҷи ангишти шахтаи ба номи Ленини Қарақандаи Қазоқистон соли 1964 оғоз шуда, яке аз бузургтарин конҳои ангишт шумурда мешавад. Соли 1996 он ба ихтиёри ширкати миллиардери ҳиндитабор Лақшмӣ Миталл гузашт. Ин ширкат - "АрселорМиттал Темиртау" дар Темиртау корхонаи оҳангудозӣ низ дорад.

Аз аввали соли 70-ум то ба ҳол дар шахтаи мазкур дасти кам 7 ҳодисаи нохуш рух додааст, ки чандин қурбонӣ бар ҷой гузоштанд. Бузургтарини онҳо соли 2006 буд, ки 41 кушта дар пай дошт.

XS
SM
MD
LG