Ссылки доступа

Сарвазири Исроил дар фасодкорӣ айбдор шуд


Додситонии кулли Исроил сарвазири он кишвар Бинямин Натаняҳуро дар фасодкорӣ айбдор кард.

Дар бораи он ки сарвазирро дар асоси се парванда айбдор хоҳанд кард, ҳанӯз моҳи феврал хабар расида буд. Он замон додситонӣ гуфта буд, ки Натаняҳу аз тоҷирони сарватманд дар ҳаҷми наздики 300 ҳазор доллар туҳфа гирифтааст. Сарвазир ҳамчунин ба намояндагони расонаҳо бар ивази тарғиби мусбии фаъолияташ хизмат расонидааст.

Натаняҳу дар як муроҷиати телевизионӣ пажуҳиши мазкурро пешдоварӣ номид ва айбҳои эъломшударо рад кард.

Хабари айбдоршавии Натаняҳу дар ҳолест, ки дар Исроил буҳрони сиёсӣ мавҷуд аст. Баъди интихоботи такрорӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ то кунун ҳукумати нав ташкил нашудааст. Баъди талошҳои нокоми Натаняҳу дар амри ташкили эътилоф бо ҳизбҳои дигар, намояндаи мухолифон бо роҳбарии Бенӣ Гантс даст ба кор шуд. Агар ӯ ҳам дар ташкили эътилоф муваффақ нашавад, эҳтимол дорад, ки бори севум интихобот баргузор гардад.

XS
SM
MD
LG