Ссылки доступа

Додгоҳи Ӯзбекистон хост, блогер Оллашукурова дар бемористони касалиҳои руҳӣ бимонад


Додгоҳи вилояти Хоразми Ӯзбекистон 27 ноябр дархости Умед Давлатов, вакили дифои блогер Нафосат Оллашукуроваро дар мавриди озод кардани шахси зери ҳимояаш аз бемористони касалиҳои руҳӣ рад кард.

"Додгоҳ дар асоси хулоса такрории комиссия дар мавриди вазъи сиҳатии Нафосат қарор кард, ки ӯ дар бемористон бимонад. Дар хулосаи комиссия омадааст, ки Нафосат Оллашукурова бояд табобатро идома диҳад", - изҳор дошт вакили дифоъ.

Ба гуфтаи Давлатов, худи Оллашукурова дар ҷаласаи сайёри додгоҳ ҳузур дошт. Ӯ аз қарори додгоҳ норозӣ буда, тасмим дорад, ба Додгоҳи олии Ӯзбекистон шикоят барад.

Нафосат Оллашукурова, ки пайваста аз фаъолияти мақомоти давлатӣ интиқод мекунад, моҳи гузашта дар бемористони бемориҳои равонӣ бистарӣ шуд.

Додгоҳи вилояти Хоразми Ӯзбекистон 30 сентябр Нафосат Оллашукуроваро баъди 10 рӯзи адои ҳукми маъмурӣ, ба беморхонаи бемориҳои равонӣ иҷборан фиристод.

Нафосат Оллашукурова дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуъҳое амсоли фасодкорӣ ва тахриби ғайриқонунии манзилу амволи сокинонро аз сӯи мақомот инъикос мекунад.

Пештар Созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" (CPJ) аз Ӯзбекистон хост, блогнавис Нафосат Оллашукуроваро озод кунад.

XS
SM
MD
LG