Ссылки доступа

Ӯзбекистон ба ҳар кадом муҳоҷири меҳнатиаш $200 қарз медиҳад


Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷ мераванд, дар сол то 2 миллион сӯм (наздики 210 доллар) қарз дода мешавад.

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ӯзбекистон хабар дод, ки дар ин бора байни ширкати "Ӯзагросуғурта" ва "Микрокредитбонк"-и он кишвар тафоҳумнома имзо шудааст.

Бар асоси ҳуҷҷат, қарз ба муҳоҷирони меҳнатие дода мешавад, ки дар барномаи вижаи вазорати меҳнати Ӯзбекистон сабт шудаанд.

Барои дарёфти қарз танҳо шиноснома, ариза ва кафилии мақомоти кордиҳанда кофист.

Ин навъи қарз бо фоидаи 10 дарсади солона дода мешавад.

XS
SM
MD
LG