Намояндагони ниҳодҳои масъул шомили ин ситод шудаанд. Ҷустуҷӯи коргарони нопадидшуда идома дорад. Дар ҷои ҳодиса 64 наҷотдиҳандаи кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва 28 коргари ширкати "Қумтор" ба ҷустуҷӯ машғуланд.
"Ҳоло имкон нашудааст, то маконе расем, ки эҳтимол дорад, коргарони нопадидшуда онҷо қарор дошта бошанд. Куҳпораи азиме чаппа шудааст", - гуфт Калис Акматов, муовини кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон.
Субҳи 1 декабр дар кони тилои "Қумтор" лағзиши куҳпора рух дод. Ҳангоми наҷотбахшӣ муайян шуд, ки ду коргар нопадид шудааст.