Ссылки доступа

"Дар хонаи мо барои нон ҷанг аст, инҳо роҳи пулро бастаанд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: ҳалокати нафткашҳо. Садамаи автобус дар шоҳроҳи Қизилорда – Кумкол: ҳашт кас кушта шуданд. Дар Қазоқистон модари кӯдаки дусола табибро дар маҳрум шудани фарзандаш аз як даст айбдор мекунад. Сатҳо тоҷикистонӣ натавонистанд пулҳои аз хориҷ фиристодашударо дастрас кунанд. (видеои Настоящее время)

- Гарон шудани нархи ангишт сокинонро нигарон кардааст (видео)

- "Дар хонаи мо барои нон ҷанг аст, инҳо роҳи пулро бастаанд". Мушкил дар интиқоли пул ба Тоҷикистон, суҳбат бо милиса аз паси панҷара, нақби тираву тор ва пургарду ғубори Истиқлол ва баҳсҳо дар бораи духтарони атласпӯш дар зимистони сард аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст (видео)

- Бонки миллӣ хост, танҳо тавассути ду шабака ба Тоҷикистон пул фиристанд. Бонки Миллии Тоҷикистон аз сокинон расман хостааст, ки пули худро аз хориҷа танҳо ба воситаи низомҳои "Юнистрим" ва "Контакт" фиристанд ва аз хадамоти шабакаҳои дигар, аз ҷумла "Золотая корона", муваққатан даст кашанд (видео)

- Шикояти модари атфоли маъюб. Баҳриннисо Асламова, сокини 63-солаи Душанбе, мегӯяд, дар як хонаи сеҳуҷраӣ якҷо бо 27 узви дигари хонаводааш зиндагӣ мекунад (видео)

- Дар куҷои Осиёи Марказӣ ҳаво олудатар аст: муқоисаи пойтахтҳо. (видеои Настоящее время)

- Дар яке аз ноҳияҳои дигари Қарақалпоқистон сокинон ба нишони эътироз роҳро бастанд​. (видео аз Ӯзбекистон)

- Вазъи аъзои боздоштшудаи оилаҳои ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия. Бар асари сармо ва гуруснагиву беморӣ дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" (Ал-Ҳол)-и Сурия, ки занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик низ дар онҷо нигоҳ дошта мешаванд, садҳо кас фавтидааст (видео)

- Тоҷикистон "Талко"-ро бо Чин "тақсим" мекунад? Сафири пешини Чин дар Тоҷикистон Юе Бин гуфт, бо сармоягузории зиёда аз ниммиллиарддолларии кишвараш ширкати алюминийи тоҷик -- “Талко” -- бозсозӣ ва амалан ба як корхонаи нави замонавӣ ва моликияти муштараки ду тараф табдил дода хоҳад шуд (видео)

- Дар Душанбе арчаи солинавӣ қомат афрохт (видео)

- Интиқоли пул ба Тоҷикистон мушкил шуд (видео)

- Аз 3 декабр тамоми пулҳо ба Тоҷикистон тариқи Бонки миллӣ интиқол меёбанд. (видеои Настоящее время)

- Тиҷорати набераи президенти фирории Қирғизистон дар Минск (видео аз Директ)

- «Зиндагӣ кардан имкон надорад». Шикоят аз манзилҳои барномаи «Нурли жер». Манзилҳое, ки дар асоси барномаи давлатии Қазоқистон сохта шудаанд, аз сӯи сокинон қабул нашуданд. Дар шаҳраки "Офтобрӯия-2" дар Петропавловски Қазоқистон 80 манзил сохта шудааст, вале касе ҳозир нест дар онҳо зиндагӣ кунад (видео)​

- Мақомоти Гурҷистон розӣ шуданд, бо мухолифон гуфтугӯ кунанд (видеои Настоящее время)​

- Туркистон дар иҳотаи меғ (нигористон)

- Сарвазири Ироқ эълом кард, ки дар пайи эътирозҳо аз мақом истеъфо медиҳад (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG