"Аз расонаҳо огаҳ шудам, ки Матраимов зидди ман ва рӯзноманигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Алӣ Тоқтакунов ба додгоҳ шикоят бурданист. Вале ин барои пурсидани ӯ дар бораи дороиҳояш баҳонаи хубе хоҳад буд. Вай барои бозпурсӣ ба Кумитаи амнияти миллӣ бо мошине рафт, ки беш аз 108 ҳазор доллар арзиш дорад. Корманди одии гумрук барои харидории чунин мошин бояд 15-20 сол кор кунад. Аз таҳқиқоти Радиои Озодӣ, маркази таҳқиқи фасодкориву ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg огаҳ шудем, ӯ амволи ғайриманқуле дорад, ки даҳҳо миллион доллар меистад", - гуфт Ширин Айтматова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.
Яке аз сомонаҳои маҳаллӣ 6 декабр видеои суҳбат бо Матраимовро нашр кард. Ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигор гуфт, дар интиқоли ғайриқонунии 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ даст надорад ва соҳибкори чинӣ Айеркен Саймаитиро намешинохт.
Ӯ маълумоти рӯзноманигорон дар таҳқиқотро дурӯғ номида, афзуд, ки зидди Алӣ Тоқтакунов ва Ширин Айтматова ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ба гуфтаи Матраимов, ӯ барои ба додгоҳи байналмилалӣ кашидани Радиои Озодӣ омодагӣ мебинад.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд. Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.