Ссылки доступа

Тоҷирони бозори "Корвон"-и Душанбе изи ангушт месупоранд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Фирӯза Ҳафизова: "Ман касеро таҳқир накардаам". Як таронаи шарҳиҳолии овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова, ки ба гуфтаи худаш "посухе ба бадгӯён дар Интернет аст", баҳс барангехт. Мақомот ба ӯ барои истифода аз калимаи "фу" дар тарона огоҳӣ доданд ва гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беэҳтиромӣ хонданд. "Фу" як навъ вокуниш ба чиз ё бӯйи бадест (видео)

- Тоҷирони бозори "Корвон"-и Душанбе изи ангушт месупоранд. Беш аз як ҳафта боз дар "Корвон", бозори бузургтарини Душанбе, маъракаи гирифтани изи ангушт ва тафтиши санадҳои соҳибкоронро ба роҳ мондаанд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, "ин иқдом ба хотири чораҳои бештари амниятӣ гирифта шудааст", вале шарҳ надоданд, ки аз чӣ нигарон ҳастанд (видео)

- Дар ноҳияи Восеъ маоши муаллимонро надодаанд. Чаро? Омӯзгорони мактаби рақами 13 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мегӯянд, ки ду моҳ боз маош нагирифтаанд. Мақомоти шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ гуфтанд, мушкили дарёфти маош “чандон ҷиддӣ нест” (видео)

- Интиқоли пул аз Русия ҳанӯз бо душворӣ амалӣ мешавад. Дар авҷи буҳроне, ки қатъи фаъолияти бархе аз низомҳои пардохтии Русия дар Тоҷикистон ба миён овардааст, ширкати “Юнистрим” эълом дошт, ки ҳаққи хидматрасониро барои кишвар коҳиш медиҳад. Аммо маълум нест, ин тағйир мушкили муҳоҷирон ва пайвандони онҳоро ба зудиҳо ҳал хоҳад кард ё не (видео)

- Мушкили ронандагоне, ки мошинҳояшон рақами хориҷӣ дорад. Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо мошинҳои худ (бо рақами русӣ) аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, аз ҳаққи ками мондан дар кишвар шикоят доранд. Мақомот гуфтанд, соҳибони чунин мошинҳо метавонанд, 15 рӯз дар Тоҷикистон биистанд (видео)

- Тазоҳуроти мардуми норозӣ дар Беларус. Садҳо нафар рӯзи шанбе ба зидди нақшаи муттаҳидшавии Беларус бо Русия дар Минск тазоҳурот карданд. Афроди норозӣ дар даст шиор, парчами нахустини Беларус ва Иттиҳоди Аврупоро доштанд. Ин бузургтарин тазоҳуроти бе иҷоза дар ин кишвари пасошӯӯравӣ аст (видео)

- Хонандагони кадоме аз кишварҳо донотаранд? (инфографика)

- Таҳқиқот: шабакаи пайкрасононе, ки аз Қирғизистон миллионҳо долларро ба хориҷ бурдан, чи гуна кор мекарданд (видео)​

- Дубай. Дороии чандинмиллионаи Матраимов (видео​)

- Интихобои вожаҳои соли 2019 дар ҷаҳон. Вожаи "эътироз" дар соли 2019 ба яке аз вожаҳои асосии сол табдил шуд (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG