Ссылки доступа

Демократҳо Трампро бар асоси ду банд айбдор медонанд


Раҳбари ҷиноҳи аксарияти демократҳо дар Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ рӯзи сешанбе гуфт, бо ду иттиҳом - сӯистифода аз мақом ва монеи адолат шудан ба изҳори нобоварӣ барои президент Доналд Трамп талош хоҳад кард.

Қарор аст, масъалаи эъломи айб зидди Трамп бар асоси ду банди мазкур ҳафтаи равон дар Кумитаи ҳуқуқи Палатаи намояндагони ИМА барои раъйгирӣ пешниҳод шавад. Агар кумита онро ҷонибдорӣ кунад, пас барои раъйгирии умумӣ ба Палатаи намояндагон пешниҳод мешавад. Демократҳо дар палата аксариятро ташкил медиҳанд ва бинобар ин, ба эҳтимоли зиёд эъломи нобоварӣ ба Трамп ҷонибдорӣ хоҳад шуд.

Тафтиши имкони изҳори нобоварӣ ба Трамп пас аз як суҳбати телефонии ӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский оғоз шуд. Демократҳои Маҷлиси намояндагони ИМА иддао доранд, ки Трамп дар суҳбати телефонии моҳи июли соли равон ба Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кумакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп мегӯяд, фишор наовардааст.

Яке аз иттиҳомҳои дигар зидди Трамп ба худдории ӯ аз иштирок дар раванди тафтишот марбут аст. Кохи сафед додани шоҳидии як қатор кормандони калидии худро дар ин замина манъ кард.

Худи президент ва ҷонибдоронаш мегӯянд, ҳеч гуна қонуне поймол нашудааст ва демократҳо бо ангезаҳои сиёсӣ мехоҳанд ӯро аз мақом барканор кунанд.

XS
SM
MD
LG