Ссылки доступа

Вуруди вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова ба Ӯзбекистон манъ шуд

Додситонии кулли Ӯзбекистон 10 декабр хабар дод, ки тасмим гирифт вуруди вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова -- Грегуар Манжа (Gregoire Mangeat)-ро ба ҳудуди ин кишвар манъ кунад.

Ба иттилои додситонӣ, Грегуар Манжа гӯиё дар бораи зиндонҳои Ӯзбекистон маълумоти бардурӯғ паҳн кардааст.

"Ваколати вакили дифои хориҷии Гулнора Каримова, ки аз сӯи мақомоти Швейтсария дода шудааст, ба парвандаи марбут ба Каримова дар он кишвар маҳдуд мешавад ва ҳузури ӯ дар Ӯзбекистон танҳо бо дархости мақомоти Швейтсария имконпазир шуда буд", - афзудааст додситонӣ.

Вале ба ин нигоҳ накарда, Грегуар Манжа ҳангоми вохурӣ бо шахси зери ҳимояаш дар Ӯзбекистон борҳо қоидаҳои ахлоқии вакилии дифоъро нақз карда, дар бораи зиндонҳои Ӯзбекистон гӯиё маълумоти нодуруст паҳн намудааст. Дар изҳороти додситонӣ омадааст, хонаводаи Гулнора Каримова вакили нави дифоъро киро кардаанд, ки иҷозати фаъолият дар Ӯзбекистонро дорад.

Духтари Гулнора Каримова -- Имон Каримова, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, дар шабакаи иҷтимоии Иснтаграм маълумоти наверо дар бораи парвандаи модараш нашр кард. "Муфаттиш Расул Юлдошев аз вилояти Бухорои Ӯзбекистон ҳоло бо равишҳои касбкардаи худ талош дорад ба Гулнора Каримова фишор орад ва ҳар бор ӯро бо фарзандонаш таҳдид мекунад. Додгоҳи низомӣ Юлдошевро соли 2018 дар латтукӯб, шиканҷа ва куштори соҳибкори бухорӣ Илҳом Ибодов айбдор донист. Зидди ӯ ва "ҳамсафонаш" таҳти рақами 08/26616-18 парвандаи ҷиноӣ боз гашта буд", - навиштааст Каримоваи хурдӣ.

Вакили дифои швейтсарии Гулнора 25 ноябр дар Twitter хабар дод, ки ба ҳамаи дархостҳои ӯ барои мулоқот бо Гулнора Каримова мақомоти Ӯзбекистон ҷавоби рад додаанд. Имон Каримова 16 сентябр хабар дода буд, ки дар шаҳри Тошканд мурофиаҳои нави пинҳонии Гулнора Каримова оғоз шуданд.

Додситонии кулли Ӯзбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст. Вале Имон Каримова парвандаи нави модарашро "сиркбозии сиёсӣ" номид.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

XS
SM
MD
LG