Ссылки доступа

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Равшан Жээнбеков боздошт шуд


Вакили пешини порлумони Қирғизистон Равшан Жээнбеков боздошт шуд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Қирғизистон иттилоъ додааст.

Хабари боздошти вакили пешин нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Вакили дифоъ Замир Жоошев гуфт, Жээнбеков дар доираи парвандаи ҳаводиси Кой-Тош ба бозпурсӣ даъват шуда буд.

Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон боздошти Жеенбековро тасдиқ карда, гуфт, ӯ бар асоси бандҳои "гаравгонгирӣ" ва "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" айбдор мешавад.

Жеенбеков пештар ҳамчун шоҳид дар доираи парвандаи гаравгонгирӣ ҳангоми амалиёти махсус барои боздошти президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев панҷ бор бозпурсӣ шуда буд.

Рӯзҳои 7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай то 26 октябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Баъди боздошти Отамбоев чанде аз тарафдорони ӯро, аз ҷумла вакилони порлумон Асел Кодуранова ва Ирина Карамушкина, вакили пешин Равшан Ҷеенбеков, мушовири пешини роҳбари давлат Кундуз Жолдубоева, раиси пешини КДАМ Абдил Сегизбоев ва дигаронро ба бозпурсӣ даъват карданд. Дар ҳоли ҳозир роҳбари пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, ҷонибдорони президенти пешин Алга Киличов, Кияз Смаилов ва Амантур Жамгирчиев бо гумони ғасби шаш корманди мақомоти Қирғизистон дар боздошт ҳастанд. Ба айни ҳамин гумон вакилони порлумон Ирина Карамушкина ва Асел Кодуранова дар ҳабси хонагӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG