Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон аз ректори пешин талаб доранд, даҳҳо миллион долларро баргардонад

Хадамоти амнияти давлатӣ ва мақомоти додситонии Ӯзбекистон аз 5 ноябри соли равон ба санҷиши ҳолатҳои коррупсионӣ дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд (ДДИТ) пардохтаанд.

Рӯзи 6 декабр имтиҳон ё атестатсияи профессорҳо ва омӯзгорони ДДИТ баргузор ва дар натиҷа афроди наздик ба ректори пешини донишгоҳ Баҳодур Ҳодиев барканор шудаанд.

Манобеъ дар Вазорати маорифи Ӯзбекистон гуфтанд, комиссия талош дорад, низоми таҳсилоти олиро аз аъзои шабакаи ба раҳбарии ректори пешини Ходиев "тоза" кунад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, давоми чанд соли ахир ба ДДИТ дар натиҷаи "шиносбозӣ" омӯзгороне қабул карда шудаанд, ки бештарашон ҳатто имло навишта наметавонанд. Дар натиҷаи санҷиш танҳо аз як кафедраи ДДИТ 9 омӯзгор барканор шудааст.

Баҳодур Ҳодиев моҳи ноябри имсол аз вазифаи ректори ДДИТ барканор ва зиддаш чандин парвандаи ҷиноӣ бо гумони фасодкорӣ боз шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар озодӣ буда, ҳар рӯз ба бозпурсӣ даъват мешавад.

Як манбаи наздик ба тафтишот гуфт, ҳаҷми хисороте, ки Ҳодиев дар давоми се соли раҳбарияш дар ДДИТ ба давлат расондааст даҳҳо миллион долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ба Ҳодиев ваъда додаанд, ки агар сеяки хисоротро ҷуброн кунад, ҷазояш сабуктар хоҳад шуд.

Фаъолияти Ҳодиев ҳангоми муовини сарвазир, мушовири президенти Ӯзбекистон дар умури илм, маориф ва фарҳанг буданаш дар солҳои 2014-2015 низ санҷида шудааст. Ба гуфтаи манобеъ, Ҳодиев гӯиё он солҳо "дар асоси нақшаи коррупсионие бо пулшӯӣ" машғул будааст.

XS
SM
MD
LG