Ссылки доступа

Парвандаи додситони кулли пешини Ӯзбекистон ба додгоҳ рафт


Зидди додситони кулли пешини Ӯзбекистон Отабек Муродови 44-сола дар доираи парвандаи раиси пешини Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар Ихтиёр Абдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ду манбаи наздик ба тафтишот гуфтанд, тафтиши парвандаи Муродов ба поён расида, ба Додгоҳи низомии Ӯзбекистон фиристода шудааст. Ин иттилоъро як манбаи наздик ба вакили дифои Муродов низ тасдиқ кард.

Отабек Муродов дар "Сӯистифода аз мақом", "Порагирӣ" ва "Порадиҳӣ" айбдор мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, додситонӣ дар хулосаи худ навиштааст, ки гунаҳкории Муродов дар асоси бандҳои мазкур тасдиқ шуд. Як манбаъ дар маъмурияти президенти Ӯзбекистон гуфт, парвандаи Муродовро Додгоҳи низомии ин кишвар пушти дарҳои баста баррасӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки баррасии парвандаи Муродов кай оғоз мешавад. Ба гуфтаи манбаи наздик ба вакили дифои Муродов, нусхаи парвандаи додситони кулли пешини Ӯзбекистон ба маъмурияти президенти ин кишвар низ фиристода шудааст, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG