Расонаҳо дар бораи гум шудани 276 тона маводи тарканда хабар медиҳанд.
Вазорати саноат ва тиҷорати Русия гуфт, эҳтимол дорад ин мавод бо фармоиши ширкате коркард ва фурӯхта шуда бошад.
Ғорати мавод аз ноябри соли 2017 то марти соли 2019 - замоне сурат гирифтааст, ки Азгат Иброҳимов мудири корхонаи "Авангард" буд. Ин мудир ба далели камомад ва рӯидани қарзҳо дертар аз мақом барканор шуд.
Корхонаи "Авангард" барои соҳаи саноат, вазорати мудофиа маводи тарканда истеҳсол ва ҳамчунин муҳимоти ҷангиро маҳв мекунад.