Ссылки доступа

FIFA аз Платинӣ ва Блаттер талаби баргардонии 2 миллион долларро дорад

Федератсияи байналхалқии футбол (FIFA) президенти пешини ин федератсия Йозеф Блаттер ва раиси пешини Иттиҳоди эътилофҳои аврупоии футбол (UEFA) Мишел Платиниро ба додгоҳ кашид.

FIFA талаб дорад, Блаттер наздики 2 миллион доллареро барқарор кунад, ки 8 сол пеш ба суратҳисоби Платинӣ интиқол дода буд. Дар соли 2015 маҳз ҳамин ҳодиса боиси барканории Блаттеру Платинӣ шуд.

Дар маҷмуъ 14 мақомдори соҳаи футболи байналхалқӣ дар фасодкорӣ айбдор мешуданд.

Ба иттилои расонаҳо, парвандаи фасодкорӣ ба баргузории ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русияву Қатар рабт дорад. Ҳар ду кишвар ҳам, эҳтимол меравад, ки бо додани пора мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол шудаанд. Ба вижа Қатар комилан омодаи баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ набуд ва ҳам ба далели гармӣ қарор шуд, ки бозиҳо дар моҳҳои ноябр-декабр баргузор шаванд, на тибқи анъана дар фасли тобистон.

XS
SM
MD
LG