Ба гуфтаи Алламҷонов, президенти Ӯзбекистон ахиран қарореро имзо кардааст, ки имкон медиҳад, меъёри маҳрум сохтан аз озодӣ ба хотири туҳмату таҳқир бекор карда шавад.
Ба ҷуз ин, Додгоҳи олӣ иҷозат хоҳад дод, ки рӯзноманигорон ва шаҳрвандони қаторӣ дар ҷаласаҳои додгоҳӣ ширкат варзанд.
Ҳамзамон бо қабули қарори ҳукумат дастур мешавад, ки расонаҳои давлатӣ кори худро беҳтар созанд, маоши кормандонро сари вақт пардозанд, инчунин сомонаҳои худро фаъол гардонанд.
Қарор аст, таъсиси радио ва телевизион ҳам дар Ӯзбекистон сода гардонида шавад.