Азамат Байкенов бо навиштаҳои интиқодияш дар бораи ҳукумати Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст. Бештари намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон ба ҳукми додгоҳ эътироз карданд.
Байкенов дар ташкили "ғайриқонунии тазоҳурот"-и 16 декабр дар майдони ба номи Пушкини шаҳри Петропавловск айбдор шудааст.
Ҳамсари Азамат Байкенов -- Мадина дар суҳбати телефонӣ гуфт, аз амнияти наздикони худ нигарон аст. Ӯ афзуд, ба ҳеч кас бовар надорад ва аз хона берун намебарояд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, қудратиҳо манзили зисти блогерро бозҷӯӣ карда, гӯиё ба ҳамсари вай низ ҳамла шудааст. Ба гуфтаи Мадина, телефони мобилии ӯро аз дасташ гирифтаанд ва ният дорад, дар ин бора дертар шикоят кунад.
Эътирозҳои рӯзи 16-уми декабр ҳамчунин бо 33-юмин солгарди ҳамоишҳои зиддишӯравӣ дар пойтахти собиқи Қазоқистон – шаҳри Алмато -- ва ҳаштсолагии саркӯби хунини тазоҳуроти кормандони ширкатҳои нафтии шаҳри Жанаозен рост омад.
Ҳангоми намоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон даҳҳо нафар, аз ҷумла журналистон ва фаъолони сиёсиву маданиро дастгир карданд. Намоишҳо бо талаби озодиҳои бештари сиёсӣ ва раҳоии зиндониёни сиёсӣ рӯзи 16-уми декабр баргузор гардид. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ навишт, боздоштҳо пеш аз баргузории гирдиҳамоиҳо оғоз ёфт.