Ссылки доступа

Марде бо гумони азияти ҷинсии духтарандараш дастгир шудааст


Мақомоти Додситонии вилояти Хатлон нисбати сокини 36-солаи ин минтақа, ки бо гумони раво дидани "ҳаракатҳои бадахлоқона" ба духтарандари ҳаштсолааш дастгир шуд, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Мард беш аз ду ҳафта боз дар боздошт аст. Наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд ва озодии ӯро талаб доранд. Даъвогарон ҷазо гирифтани ӯро мехоҳанд. Мақомот мегӯянд, тафтиш идома дорад.

Ҳувияти марди муттаҳам ва духтари ноболиғ пурра маълум аст, аммо бо далелҳои ахлоқӣ нашр намешавад.

Парванда нисбати ин мард бар асоси шикояти наздикони падари ҳақиқии духтар аввал дар додситонии маҳалли зисташ боз ва баъдан барои тафтиш ба Додситонии вилояти Хатлон супурда шуд. Муфаттишон ин парвандаро аз рӯйи моддаи 142-и Кодекси ҷиноӣ -- "ҳаракатҳои бадахлоқона" -- таҳқиқ мекунанд.

Модари марди гумонбар (М.М.) охири ҳафтаи гузашта дар суҳбати телефонӣ ҳама гуна иттиҳоми зидди писарашро бепоя хонд. Вай гуфт, писараш аз ҳамсари аввал бо як кӯдак ҷудо шуда, панҷ сол пеш бо модари ин духтари 8-сола оиладор шуд ва ҳоло аз ин зан як писар дорад.

"Кӯдакро бисёр дӯстдорӣ мекард. Ҳатто писари худро ҳамин хел дӯстдорӣ мекард. Вақте духтарро мегазад ва дар чанд ҷойи баданаш осор мемонад, инро баҳона карданд, ки гӯё талоши таҷовуз кардааст", -- афзуд ӯ.

Аз сӯҳбат бо модари М.М. маълум шуд, ки ӯ қаблан бо ҷурми дуздӣ дар зиндон адои ҷазо карда, соли 2016 бар асоси қонуни афв раҳо шудааст. Ин зан мегӯяд, натиҷаи ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ осори чунин рафторҳоро собит накардааст ва кӯдак зери таъсири гапи калонсолон гӯиё нисбат ба падарандараш шоҳидӣ додааст.

Вале як манбаъ дар Додситонии вилояти Хатлон гуфт, "ҳеч гоҳ бидуни далелу арқом ба зидди касе парванда боз намешавад. М.М. ба гуноҳаш эътироф кардааст." Маълум нест, иқрор ба гуноҳ дар кадом шароит ба даст омадааст.

Дар ҳоле ки ҳодиса аз сӯи додситонӣ таҳқиқ мешавад, модари ноболиғ мегӯяд, ҳеч шикоят надорад ва талош мекунад шавҳараш аз боздошт раҳо шавад.

Дар додситонӣ гуфтанд, ҳанӯз таҳқиқи парванда анҷом наёфтааст ва барои халал нарасондан ба ҷараёни он аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунанд.

Ҳоло қонунгузории Тоҷикистон барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба шахсе, ки ҳанӯз ба синни 14 нарасидааст, аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Қонунҳои Тоҷикистон ба дастдарозӣ ба номус муҷозоти сангинро пешбинӣ мекунанд. Бахусус, ҷиноятҳои шаҳвоние, ки дар миёни аъзои як оила рух медиҳад.

Тибқи омори расмии Додситонии кул, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 189 ноболиғ қурбонии ҷиноятҳои ҷинсӣ шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳолат бештар будааст.

XS
SM
MD
LG