Изҳори нобоварӣ ё импичмент - равандест, ки аз сӯи Конститутсия ИМА барои барканории президент пешбинӣ шудааст. Ба президент барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба "хиёнат ба давлат, фасодкорӣ ё дигар ҷиноятҳои вазнин" изҳори нобоварӣ эълом мешавад. Нисбати Трамп ду айб - сӯистифода аз мақом ва монеи таҳқиқоти Конгресс шудан - эълом гардидааст. Дар сурате, ки агар палатаи намояндагон ба ҷонибдорӣ аз ин айбҳо раъй диҳад, Трамп севумин президенти ИМА хоҳад буд, ки вориди моҷарои изҳори нобоварӣ мешавад.
Эъломи нобоварӣ нисбати Трамп ҳанӯз маънои онро надорад, ки вай аз мақом барканор мешавад. Ин айбҳоро бояд Сенат - палатаи болоии порлумон ё Конгресси ИМА тасдиқ кунад. Чунин таҷрибае дар ИМА ҳанӯз сурат нагирифтааст. Танҳо президент Ричард Никсон таҳти таҳдиди эъломи нобоварӣ аз мақомаш истеъфо дода буд.
Демократҳо - рақибони Трамп ва ташаббускорони раванди изҳори нобоварӣ - дар Палатаи намояндагон аксариятро ташкил медиҳанд ва интизор меравад, ки ба ҷонибдорӣ аз айбҳои зидди Трамп раъй хоҳанд дод.
Трамп ахиран ба раиси Палатаи намояндагон Нэнсӣ Пелосӣ бо ирсоли номаи расмӣ гуфт, ки демократҳо талош доранд, бо роҳи "табаддулот" натиҷаҳои интихоботи соли 2016-ро "бекор" кунанд.
Тафтиши имкони изҳори нобоварӣ ба Трамп пас аз як суҳбати телефонии ӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский оғоз шуд. Демократҳои Маҷлиси намояндагони ИМА иддао доранд, ки Трамп дар суҳбати телефонии моҳи июли соли равон ба Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кумакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп мегӯяд, фишор наовардааст.
Яке аз иттиҳомҳои дигар зидди Трамп ба худдории ӯ аз иштирок дар раванди тафтишот марбут аст. Кохи сафед додани шоҳидии як қатор кормандони калидии худро дар ин замина манъ кард.
Худи президент ва ҷонибдоронаш мегӯянд, ҳеч гуна қонуне поймол нашудааст ва демократҳо бо ангезаҳои сиёсӣ мехоҳанд ӯро аз мақом барканор кунанд.