Бино ба иттилои вазорати адлияи Ӯзбекистон, боғи миллӣ дар ҳудуди 21 687,5 га замини ноҳияҳои Урганҷ, Ханкин, Хива, Янгибозор ва Ҳазараспи вилояти Хоразм сохта мешавад.
Боғи миллӣ зерсохтори Кумитаи давлатии муҳитзистии Ӯзбекистон ба ҳисоба меравад.
Дар қарори ҳукумати он кишвар дар робита ба таъсиси боғи миллӣ ҳамчунин замин барои истифодаи доимӣ, замин барои ҳифзи табиат ва минтақаҳои кишоварзӣ ҷудо шудааст.