Муҳокимаи парванда 12 декабр шуруъ шуда буд. Пулиси ноҳияи Каратау ба додгоҳ шикоят бурд. Ба гуфтаи додгоҳ, Муҳаммадов гӯёи рӯзи 25 октябр ҳангоми интиқол ёфтан ба додгоҳ кормандони пулисро таҳқир кардааст. Муҳаммадов айби эъломшударо рад мекунад.
Дар таърихи 19 ноябр афроди ношинос сари сагеро ба мошини Муҳаммадов партофта буданд. Муҳаммадов ин ҳодисаро бо фаъолиятҳои ҷамъиятиаш рабт медиҳад.
Нурҷон Муҳаммадов аз ҷумлаи фаъолонест, ки дар чандин гирдиҳамоӣ дар Қазоқистон ширкат кардаанд.