Ссылки доступа

Додситонии Ӯзбекистон дар пайи лағзиши замин дар метро парванда боз кард


Додситонии кулли Ӯзбекистон марги шаш кормандро дар сохтмони метрои Тошканд таҳқиқ мекунад.

Дар ин бора Ҳаёт Шамсуддинов, як мақомдорои додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод.

Бо моддаи "Вайрон кардани тартиботи ҳифзи меҳнат, ки боиси марги одамон шудааст" ва моддаи "Вайрон кардани тартиби ҳифзи корҳои сохтмонӣ" парванда боз шуд ва тафтишот идома дорад, гуфт Шамсуддинов.

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки ҷасади кушташудаҳо ба хок супурда шудааст.

XS
SM
MD
LG